БУНЁДИ 23 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ

Февраль 28, 2011 14:17

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи озмуни шаҳру навоҳии беҳтарин 23 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  6 – тои он аллакай  мавриди истифода қарор гирифт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнии ноҳия  мактаб барои 240 хонанда дар ҷамоати Қистакӯз, чойхонаи миллӣ, шӯъбаи бемориҳои дил ва амрози занона, заводи хиштбарорӣ дар ҷамоати Ғозиён, сехи истеҳсоли макарон дар шаҳраки Ғафуров   ба шумор мераванд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода 25 феврал зимни машварати корӣ дар мавриди бунёди иншооти нав, таваҷҷӯҳи масъулинро доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, хоса барои занону духтарон, вусъати корҳои кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ, ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳо, шудгори пурраи заминҳо, омодагӣ ба кишти пахта ва кишти такрорӣ, ҷоннок намудани корҳои идеологию фаҳмондадиҳӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ҷабл намуда таъкид намуд, ки дастгириву кӯмак ва аёдати оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбон набояд аз мадди назар дур монад.

Февраль 28, 2011 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд