ЧИНИҲО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД

Февраль 2, 2011 15:52

      Душанбе,            2 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). —  Чанд рӯз қабл ҳайати меҳмонон  аз Донишгоҳи омӯзгории  Синзяни вилояти худмухтори Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.     Миёни Донишгоҳи омӯзгории  Синзяни вилояти худмухтори Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин  ва  ДМТ   ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо  барои табодули таҷрибаи устодон ва муҳаққиқону  донишҷуён заминаи мусоид фароҳам меоранд.       Ҷонибҳо сари мавзӯи  таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар риштаи бакалавр, магистратура, ва  инчунин барои омӯзиши забони чинӣ  гуфтугӯ намуда ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд  донишҷӯёни тоҷик  барои  омӯзиши  забони чинӣ  ба Донишгоҳи  омӯзгории  Синзян  ва донишҷӯёни ин Донишгоҳ барои омӯзиши забони тоҷикӣ   ба ДМТ фиристода мешаванд.    Меҳмонон ва устодони ДМТ масъалаи омӯзиши забони чинӣ ва тоҷикиро баррасӣ намуданд. Зеро талабот ба омӯзиши забонҳои мазкур  аз ҳарду ҷониб  бо назардошти  афзоиши робитаҳо дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат  зиёд ба чашм мерасанд.   Ҳадафи ташрифи ҳайати меҳмонон ба ДМТ тақвияти ҳамкориҳои  бештар  дар самти омӯзишу  табодули  таҷрибаи  ҳамдигар арзёбӣ гардид.    Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМТ  иттилоъ  доданд.

Февраль 2, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад