ДАРЁФТИ РОҲХАТ БА БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

Февраль 15, 2011 11:01

    Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-5 феврали соли ҷорӣ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми «Шимолу Ғарб», ки дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Руссия баргузор гардид, таҳти роҳбарии сармураббӣ оид ба самбои муҳорибавӣ Аҳтам Хокиров ширкат варзиданд.    Ёдовар бояд шуд, ки дар мусобиқа 260 нафар варзишгарон аз манотиқи гуногуни Федератсияи Руссия, аз ҷумла 6 нафар варзишгари тоҷик иштирок намуданд.1. Эшонхоҷаев Азимҷон, соли таваллудаш 1994 дар вазни 62 кг бо як нафар варзишгари тоҷик- намояндаи Клуби варзишии «Нарская застава»,  2. Азизов Эраҷ, соли таваллудаш 1994 дар вазни мутлақ (70 кг) бо варзишгари осетӣ дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло,1. Ширинов Эраҷ, соли таваллудаш 1996 дар вазни то 55 кг бо варзишгари рус Кисел Иля дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда сазовори ҷойи дуввум ва медали нуқра,3. Одинаев Анвар, соли таваллудаш 1996 дар вазни то 55 кг,  4. Назаров Ҳайбулло, соли таваллудаш 1995 дар вазни 56 кг бо варзишгари доғистонӣ дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷии мусобиқа гардиданд.   Ҳамчунин дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии моҳи апрел оид ба якҳарбаи шарқӣ гардид.

Февраль 15, 2011 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад