ДАСТАИ МУНТАХАБ АЗ ЭРОН МЕДАЛИ ТИЛЛО ОВАРД

Февраль 16, 2011 14:20

    Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 15 феврали соли 2011 аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ- до, ки аз 8 то 15 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид, дар ҳайати Бадриддин Умедов, Мирзовалӣ Сайидвализода, Эраҷ Ҳакимов, Икром Мақсудов, Саттор Фаттоҳов ва Саидобид Саидов ба ватан баргаштанд.     Варзишгарони тоҷик Бадриддин Умедов дар вазни 80 кг, Мирзовалӣ Сайидвализода дар вазни 80 кг ва Эраҷ Ҳакимов дар вазни 60 кг миёни калонсолон бо ба даст овардани ҷойи аввал ва Икром Мақсудов дар вазни 61 кг миёни наврасони синни 16-17- сола бо ба даст овардани ҷойи сеюм сазовори медали тилло ва биринҷии мусобиқаи мазкур аз ҳисоби даставӣ гардиданд.    Дар ин бора аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд

Февраль 16, 2011 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад