ДАСТАИ МУНТАХАБ АЗ ЭРОН МЕДАЛИ ТИЛЛО ОВАРД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 15 феврали соли 2011 аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ- до, ки аз 8 то 15 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид, дар ҳайати Бадриддин Умедов, Мирзовалӣ Сайидвализода, Эраҷ Ҳакимов, Икром Мақсудов, Саттор Фаттоҳов ва Саидобид Саидов ба ватан баргаштанд. Варзишгарони тоҷик Бадриддин Умедов дар вазни 80 кг, Мирзовалӣ Сайидвализода дар вазни 80 кг ва Эраҷ Ҳакимов дар вазни 60 кг миёни калонсолон бо ба даст овардани ҷойи аввал ва Икром Мақсудов дар вазни 61 кг миёни наврасони синни 16-17- сола бо ба даст овардани ҷойи сеюм сазовори медали тилло ва биринҷии мусобиқаи мазкур аз ҳисоби даставӣ гардиданд. Дар ин бора аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






