ДОНИШҶӮЙ БАНГДОНА МЕБУРД

Февраль 2, 2011 14:12

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа дар натиҷаи як амалиёти бобарор аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  миқдори зиёди бангдонаро мусодира намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ   ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни гузаронидани   амалиёт аз дохили  борхалтаи донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хисрав маводи гиёҳмонанди дорои бӯйи махсус  ёфт ва мусодира  шуд.               Мувофиқи маълумоти ташхиси   озмоишии Агентии мазкур маводи мусодирашуда маводи нашъаовари навъи бангдона буда, вазни он 3 килограммро ташкил дод. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз   шуда, тафтиш идома дорад.

Февраль 2, 2011 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд