ДОНИШҶӮЙ БАНГДОНА МЕБУРД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа дар натиҷаи як амалиёти бобарор аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир миқдори зиёди бангдонаро мусодира намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни гузаронидани амалиёт аз дохили борхалтаи донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хисрав маводи гиёҳмонанди дорои бӯйи махсус ёфт ва мусодира шуд. Мувофиқи маълумоти ташхиси озмоишии Агентии мазкур маводи мусодирашуда маводи нашъаовари навъи бангдона буда, вазни он 3 килограммро ташкил дод. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






