КИШВАРҲОИ СҲШ БО ТЕРРОРИЗМ ДАСТ БА ГИРЕБОН МЕГАРДАНД

Февраль 16, 2011 16:28

  Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ бар зидди терроризм, ки яке аз санадҳои муҳими ба имзо расонидаи кишварҳои аъзои СҲШ аст, 16 феврал дар палатаи поёнии Тоҷикистон тасдиқ гардид.   Мавриди зикр аст, ки ин санади муҳим соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба имзо расида аз 37 модда иборат аст.    Зимни шарҳи ин санад Саймӯъмин Ятимов Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки Конвенсия бо мақсади густариши ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар мавриди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва тақвият додани мубориза бар зидди терроризм бо назардошти риоя намудани волоияти қонун ва эътирофи арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки чунин ҷиноятҳоро содир менамоянд, ба имзо расидааст.  С. Ятимов афзуд, ки дар моддаҳои 7 ва 20-и Созишнома андешидани тадбирҳо бар зидди терроризм, супоридани маҳкумшудагон ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди маводи зарурӣ ба ҳамдигар, иҷрои дархости тарафҳо, иштирок дар чорабиниҳои оҷилӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ дар қаламрави тарафи дархостшаванда пешгӯӣ шудаанд.

Февраль 16, 2011 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад