ЛИДЕРОНИ ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Ҳамкориҳои устувор барои ташаккули идеологияи солим ва дӯстии байни наслҳо» — таҳти чунин унвон 23 майи соли 2011, ки ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Душанбе Форуми лидерони ҷавони бародаршаҳрҳои Душанбе ва пойтахтҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешавад. Дар ин хусус 7 феврал Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонид. Чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстонаи насли ҷавон, шиносоии бештари онҳо бо фарҳангу арзишҳои миллии кишварҳои ҳамдигар гузаронида мешавад. Тибқи қарори Раиси шаҳр барои омодагӣ ва баргузории Форум Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, он вазифадор мегардад, ки то 1 марти соли равон Консепсияи Форумро бо инобати баргузории чорабиниҳои илмӣ — маърифатӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии насли ҷавон таҳия намуда, ҷиҳати мувофиқа ва тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод созад. Инчунин, дар асоси ин қарор Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шӯъбаи муносибатҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр вазифадор мешаванд, ки барои ҳамкориву иртибот бо сохторҳои марбутаи Ассамблеяҳои бузургшаҳрҳо ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ҷиҳати ширкати беҳтарин ташкилоти бахши кор бо ҷавонон ва таҳияи барномаи Форум тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






