МАҲФИЛИ ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Февраль 14, 2011 15:31

   Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 15 феврали соли равон дар маркази имкониятҳои ҷавонони ноҳияи Данғара маҳфили ҳозирҷавобон зери унвони «Мо ҷавонони даврони истиқлол» баргузор мегардад, ки дар чорабинии мазкур дастаҳои ҷавони шаҳру ноҳияҳои интихобии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок менамоянд.  Мавриди зикр аст, ки ташаббускори ин иқдом Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Нидои дӯстон» буда, он ба 20 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», татбиқи «Барномаи саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити мусоид оид ба рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон» бахшида мешавад.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи мазкур иттилоъ доданд.

Февраль 14, 2011 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст