МАҲСУЛОТИ АРЗОН ХОҲЕД — БА «ШОҲМАНСУР» ОЕД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 3 то 12 феврали соли равон Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти арзон ва бо мақсади ба низом даровардани нарх дар бозорҳои пойтахт дар бозори «Шоҳмансур» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро доир менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иттилоъ доданд, дар ярмарка нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда нисбат ба нархи бозор арзонтар аст. Аз ҷумла, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва лӯбиёгиҳо бо нархи қариб 15% аз нархи бозор арзонтар ба фурӯш бароварда мешаванд. Бояд гуфт, ки ярмаркаро раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев бевосита назорат ва роҳбарӣ менамояд.