МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ

Февраль 16, 2011 15:54

   Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо ибтикори Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии қитъаҳои назди сохторҳои вазорат баргузор гардид.    Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ҳамаи хоҷагию муассиса ва ташкилоту идораҳо ҷараён доранд. Ин иқдоми наҷиб дар пайравии ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, зеро Президенти кишвар ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.   Боиси ифтихор аст, ки иқдоми шоистаи кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ҶТ нақши назаррас мегузорад.

Февраль 16, 2011 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад