МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ НОҲИЯИ ҶОМӢ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду мушкилии экологӣ марбут ба об вуҷуд дорад. Дар як қисми маҳаллаҳои ноҳия агар мардум аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашанд, дар қисмати дигари маҳаллаҳо бо сабаби баландшавии обҳои зеризаминӣ боғҳо хароб гардида, ҳосилнокии зироат хеле паст шудааст,- иброз дошт сараграноми ноҳия Саидакбар Аминов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти С. Аминов то замоне ки заҳбуру заҳкашҳо тоза карда нашаванд, бунёди боғҳо ва кабудизоркунӣ дар бештари мавзеъҳои ноҳия бо сабаби баланд шудани обҳои зеризаминӣ харҷи беҳудааст. Сифати оби ошомиданӣ дар ноҳия боз ҳам ташвишовар аст. Дар маркази ноҳия чанд чоҳ мавҷуд аст, ки аҳолӣ аз онҳо истеъмол мекунад ва бо сабаби тоза накардани оби ин чоҳҳо ҳамасола садҳо нафар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ масъулини ноҳияро зарур аст сари масъалаи экологӣ андеша намуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, то ҳам ҳосилнокии зироат боло раваду ҳам мардум аз бемориҳои сироятӣ ҳифз шаванд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






