ПОКИСТОН АЗ БАРҚИ ХУШСИФАТИ ТОҶИКИСТОН ИСТИФОДА МЕНАМОЯД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — 28 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи IV комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи энергетика сухан ронд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо татбиқи барномаҳои энергетикии Тоҷикистон кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Исломии Покистон низ бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ босифат ва нисбатан арзон таъмин мешаванд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, вазири хусусисозии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Навид Қамар ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар иштирок намуданд. Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои энергетика, саноат ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор дода, дар поёни ҷаласа протоколи корӣ ба имзо расониданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






