САФАРИ КОРИИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА СУҒД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба вилояти Суғд ташриф оварда ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои танзиму васлкунӣ дар зеристгоҳи барқии Суғд — 500, ки дар ноҳияи Ғончӣ воқеъ аст, ошно гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд. Оқил Оқиловро дар ин сафари корӣ як қатор вазирону роҳбарони ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили вазири мелиоратсия ва захираҳои об Р.Бобокалонов, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва дигарон ҳамроҳӣ менамоянд. Зимни мулоқот бо барқчиён Сарвазири мамлакат перомуни муҳим будани фаъолияти ин зеристгоҳ дар ин айём дар самти таъмини аҳолии шимоли кишвар ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ дар омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ дастуру супоришоти мушаххас дод. Сипас, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳамроҳии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ раҳсипор гардида, дар ин ҷо пиромуни фаъолияти зеристгоҳи 220 киловолта ҳарф зада, бобати фаъолияти мунтазами он бо масъулин сӯҳбат доир намуд. Ҳамчунин, гурӯҳи кории Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар пойгоҳи обкашии «Дилварзин-1» ошно гашта, ҷиҳати саривақт омода намудани ин иншоот ва шароити иҷтимоии кормандон ба раиси ноҳияи Мастчоҳ Абдукарим Ҳикматов супориш дод. Дар назар аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони фабрикаи ресандагии «Олим — текстайлз» шинос шаванд. Ин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи «Гулистон» — и ноҳияи Мастчоҳ бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат бунёд шуда истодааст. Ёдовар мешавем, ки дар коргоҳи мазкур таҷҳизоти истеҳсолии пешқадамтарини олмонӣ, ки ба ширкати машҳури «Текстима» — и Ҷумҳурии Федеративии Олмон тааллуқ доранд, насб гардида, ҳамзамон барои шинонидани онҳо ва бозомӯзии кадрҳои маҳаллӣ мутахассисони ин давлат даъват шудаанд. Маблағ барои таҷҳизот, воридот, насб ва омӯзиш, ки аз ҷониби бонки Авруосиё ба таври қарз пешниҳод гардидааст, 22 миллиону 570 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни ин корҳо мутахассисони варзида аз Аморати Муттаҳидаи Араб ҷалб шудаанд. Дар мавриди ба фаъолият шурӯъ кардан коргоҳ метавонад 450 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






