ШАҲРДОРӢ ЭҲТИЁҶИ НАМОЗГУЗОРОНРО ҚОНЕЪ МЕГАРДОНАД

Февраль 14, 2011 16:53

  Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда қонеъ гардонидани эҳтиёҷи намозгузорон ва воқеияти зарурат ба сохтмони масҷидҳои иловагӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 14 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки фаъолони пойтахт дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, баррасӣ шуд. Раиси шаҳр роҷеъ ба назорати аз рӯи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.  Дар робита Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи пойтахтро вазифадор намуд, ки дар мӯҳлати 1 моҳ масъаларо амиқ омӯхта, таҳлил намуда, хулосаи асоснокро бобати тасмимгирии минбаъда ба унвони шаҳрдорӣ пешниҳод созанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод.

Февраль 14, 2011 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад