СОХТМОНҲОИ БУЗУРГИ ШАҲРАКИ СОМОНИЁН
Шаҳраки Сомониён, 9 феврал. (АМИТ «Ховар»,Ҳотам Рабиев).-Ҳамаи 51 корхонаи саноатии ноҳияи Рӯдакӣ соли сипаригардидаро пурсамар ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла, дар ин давра 84 548 метри кубӣ қум,133 863 метри кубӣ сангпора, 21 564 метри кубӣ шағали омехта, 4479 метри кубӣ маҳсулоти оҳану бетонӣ, 13 миллиону 720 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 41 тонна маҳсулоти ширӣ, 45 045 далл обҳои минералию ошомиданӣ ва миқдори зиёди дигар маҳсулоти истеъмолии мардум истеҳсол гардид. Корҳои сохмонӣ дар кулли манотиқи ноҳия бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷу равнақ меёбанд. Бахшида ба ин санаи муҳим сохтмони мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ дар назар аст.Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳия -шаҳраки Сомониён сохтмонҳои бузург шурӯъ мегарданд. Алҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таҳияи нақшаи шаҳраки Сомониён ба Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» 156 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






