СУҒД ДУБОРА ФУРӮЗОН ШУД
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Санаҳои 10 ва 11 — уми феврали соли равон бо сабаби офати табиӣ- вазидани шамоли сахт дар баъзе нуқтаҳои хати интиқоли барқи Ҷануб — Шимоли мамлакат садама рух дод ва боиси ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шоми 11 феврали соли равон раиси вилоят Коҳир Расулзода ба хотири шинос шудан бо рафти корҳои бартарафкунии оқибати офати табиӣ ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таъмин намудани мардуми вилоят бо нерӯи барқ ба маҳалли офати табиӣ — ноҳияи Ғончӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои танзиму васлкунии нерўи барқ дар зеристгоҳи барқии Суғд — 500 шинос гардид. Дар натиҷаи канда шудани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат системаи танзими барқии зеристгоҳ аз фаъолият бозмонда буд. Бо супориши раиси вилоят гурўҳи фаврии корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи барқи вилоят таъсис дода шуда, ин гурўҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ аз имконияту захираҳо самаранок истифода намуда, хатҳои интиқоли нерўи барқро барқарор ва фаъолияти маназзами системаи ягонаи танзими барқи вилятро дар зеристгоҳи Суғд — 500 таъмин намуданд. Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон дар мавриди захираҳои тавлиди нерўи барқ дар Осиёи марказӣ ҷои аввалин ва дар ҷаҳон мақоми 8 — умро ишғол менамояд, ки иқтидори истеҳсоли 528 млрд. кВ/соат нерўи барқ дар як солро дорост. Аминем, ки Тоҷикистони мо ояндаи наздик ба ҳадафи олии худ — истиқлолияти энергетикӣ муваффақ мешавад.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






