СУРАҶКУНД-ФЕСТИВАЛИ БОЗГӮКУНАНДАИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Февраль 17, 2011 13:26

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумии Сураҷкунд (Surajkund Crafts Mela), ки аз 1 то 15 феврали соли равон дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, вохӯрӣ доир шуд.   Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Чаманоро» Фирӯза Аюбҷонова хабар дод, онҳо аз ин сафари худ хеле қаноатманданд.   «Фестивали мазкур дар Ҳиндустон ҳамасола гузаронида мешавад. Мо, яъне ҳунармандони ансамбли рақсии «Чаманоро», ансамбли эстрадии «Садои Суғд» ва ҳофизаи ҷавон Нозияи Кароматулло бори аввал дар ин фестивал ширкат варзидем. Дар ин фестивал намояндагони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон-Тайван, Лаос, Яман, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ҳунарҳои мардумии хешро намоиш доданд. Мо дар бисёр шаҳрҳои Ҳиндустон баромад намудем. Бояд гӯям, ки ҳунарнамоии карнайнавозон ва доирадастони мо ба онҳо ниҳоят писанд афтод», -изҳор намуд Фирӯза Аюбҷонова.   Ҳунармандон барои иштирок дар ин фестивали бонуфуз аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ниҳоят миннатдоранд.

Февраль 17, 2011 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад