ТАҶЛИЛИ 70 – СОЛАГИИ ҶӮРАБЕК НАБИЕВ

Февраль 15, 2011 09:50

    Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд 70-солагии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев таҷлил карда мешавад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус имзо кард.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади тарғибу ташвиқи санъати классикии тоҷик, дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас, бо назардошти нақш ва мавқеи дар рушди санъати тоҷик доштаи ҳунарманди маъруф роҳандозӣ шудааст.    Ёдовар мешавем, ки шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, раёсати фарҳанги вилоят якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба нақш ва мақоми Ҷӯрабек Набиев дар рушди санъати овозхонӣ силсилаи чорабиниҳоро доир менамоянд.

Февраль 15, 2011 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд