ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИСА ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 86-солагии таъсисёбии милисаи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии ҳайати шахсии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов зимни суханронии худ корнамоиҳои қаҳрамононаи аввалин милисаҳои тоҷикро дар мубориза баҳри барқароркунии Ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ва шуҷоати наслҳои минбаъдаро дар пойдории сохти конститутсионии Тоҷикистони ҷавони соҳибихтиёр таъкид дошт. Ӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳайати шахсии шӯъбаи корҳои дохилӣ, кулли кормандони сохторҳои он ва собиқадорони милисаро бо 86-умин солгарди милисаи тоҷик муборакбод гуфта, ба кормандони беҳтарин Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид. Аз номи роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамкасбони худро муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят, подполковники милиса Ҳотамҷон Дадобоев табрик намуд. Ба муносибати иди касбӣ ба кормандони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ ва рутбаҳои навбатӣ супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз маркази матбуоти раиси шахри Хучанд иттилоъ доданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






