ТАЪЛИМГОҲИ МАХСУСИ ДЗЮДО ДАР РӮДАКӢ
Шаҳраки Сомониён, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри рушди соҳаи варзиш тадбирҳои мушаххас меандешанд. Бо назардошти дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар риштаи дзюдо ва бо мақсади равнақу ривоҷи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон дар ноҳияи Рӯдакӣ таълимгоҳи махсуси кӯдакону наврасон оид ба дзюдо таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар деҳоти ноҳия клубҳои варзишии «Ориён» ва «Шараф» фаъолият менамоянд,ки зиёда аз 1500 нафар наврасону ҷавононро ба варзиш фаро гирифтаанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки варзишгарон дар давоми соли 2010 дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ соҳиби 6 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 7 медали тилло, 16 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 8 медал зиёд аст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






