ТАЪЛИМГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР БОХТАР

Февраль 9, 2011 09:00

Душанбе,  9  феврал. (АМИТ «Ховар», Назокат  Қодирова). – Дар  ноҳияи  Бохтар  корҳои  бунёдкорӣ  дар  иншооти  ҷашние, ки  ба  шарафи   20 — солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сохта  мешаванд,   вусъати тоза мегиранд.  Бунёди  литсей – интернати  президентӣ  аз  ҷумлаи  ин  иншоот аст. Майдони  литсей – интернат 8  гектарро  ташкил  медиҳад. Дар  назди бинои таълимгоҳ  ҳавзи  шиноварӣ,  майдончаҳои  бозии футболу  воллейбол, толори  варзишӣ барои  бозиҳои  тенниси  рӯи  миз ва  шоҳмот   сохта  шудаанд. Дар  бинои таълимгоҳ,  ҳамчунин, хобгоҳи  замонавӣ барои  устодон  ва  хонандагон  бунёд  гардидааст. Дар  литсей – интернат  дар  як  вақт  1400 нафар  хонанда  таҳсил менамоянд. Барои онҳо синфхонаҳои  компютерӣ  ва  синфхонаҳои  бо асбобҳои  аёнӣ  ҷиҳозонидашуда  сохта  мешаванд.  Барои  бунёди  ин таълимгоҳ  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  40  миллион  сомонӣ маблағ ҷудо  намудааст.  То  ин  муддат  ба  маблағи  28  миллион  сомонӣ  корҳои  сохтмонӣ  анҷом  ёфтаанд.   Бояд гуфт, ки ин  таълимгоҳи  замонавӣ  дар  арафаи таҷлили  20 – умин  солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  мегирад.

Февраль 9, 2011 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад