ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАКМИЛ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО

Февраль 16, 2011 14:37

    Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи илм ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷрои Қарори раиси вилоят аз 1 марти соли 2004 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумати вилоят доир ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 — 2014» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров санҷида шуд.    Дар рафти санҷиш фаъолияти кафедраҳои забони англисӣ ва забонҳо аз назар гузаронида шуд. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар Коллеҷ нақша — чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он аз ҷониби кафедраҳои забони англисӣ ва забонҳо низ нақша — чорабиниҳо мураттаб шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров аз рӯи ихтисосҳои забони русӣ ва англисӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят мутахассисон тайёр мешаванд. Дар назди кафедраҳои мазкур доир ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ утоқҳои фаннӣ амал мекунанд, ки онҳо бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.    Аз ҷониби устодон доир ба забони русӣ ва англисӣ овезаҳо, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯза мебошанд, ҷой дода шуда донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд. Утоқи инкишофи нутқ бо телевизор, аудиомагнитофон ва аудиокассетаҳо, дискҳои таълимии компютерӣ ҷиҳозонида шудааст. Аз ҷониби раёсати коллеҷ ва кафедраҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ маҳфилҳои фаннии «Живое слово» ва «Забони англисӣ» ташкил шудаанд, ки дар он донишҷӯён иштирок намуда, савияи дониши худро баланд мебардоранд.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки санҷиш нишон дод, рафти иҷрои Қарори раиси вилоят дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумати вилоят доир ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 — 2014» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров дуруст ба роҳ монда шудаанд.

Февраль 16, 2011 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад