ТАВЗЕҲОТ ДОИР БА АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ КОРМАНДОНИ КИРОЯ

Февраль 28, 2011 15:19

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29.12.2010 тағйирот ба қисми 5 моддаи 137, илова гардидани сархати нав ба қисми 2 моддаи 161 ва тағйирот ба сархати дуюми қисми 3 моддаи 303 ҳангоми ҳисоб намудани андоз аз даромад ва андози иҷтимоии коргарони кироя нишондиҳандаи омории музди меҳнати миёнаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҳамчун манбаи ақалли андозбандии ин андозҳо эътироф мешавад. Иловаҳо ба Кодекси андоз дар сайти расмии Кумитаи андоз чунин шарҳ дода шудаанд: Музди меҳнати миёнаи номиналии коргарони кироя дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда аз рўи нишондиҳандаи миёнаи омории шаҳру ноҳияи дахлдор (ба истиснои муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд), ки дар соли гузашта ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад. Яъне, барои давраи аз 1 январи соли 2011 то 30 июни соли 2011 барои мақсадҳои андози даромад ва андози иҷтимоӣ нишондоди омории музди меҳнати номиналии миёна дар шаҳри (ноҳияи) дахлдор дар соли 2009 ташаккулёфта истифода шуда, барои давраи аз 1 июли соли 2011 то 30 июни соли 2012 чунин нишондиҳандаи шаҳри (ноҳияи) дахлдор дар соли 2010 ташаккулёфта истифода мешавад. Корманди кирояи асосие (ғайриасосӣ), ки дар ду ва ё зиёда ҷой кор мекунад, бо мақсади ба инобат гирифтани даромади аслии дар шакли музди меҳнат гирифташаванда ва муайян намудани ўҳдадориҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад ба ҷои кори асосии (ғайриасосии) фаъолияташ маълумотномаи дахлдор пешниҳод намояд.  Бинобар сабаби асосан ба субъектҳои соҳибкорӣ алоқамандӣ доштани талаботи моддаҳои 137, 161 ва 303 Кодекси андоз вобаста ба музди меҳнати миёнаи номиналии кироякорон дар ҳолатҳои зерин даромади аслии дар шакли музди меҳнат гирифтаи корманди кироя ҳамчун манбаи андози даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб гирифта мешавад: • нисбат ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва эҳсонкорӣ, муассисаҳои давлатӣ, ки мақсади асосии онҳо гирифтани фоида намебошад; • нисбат ба кормандони ёрирасон (котиба, посбонҳо, ронандагон, фаррошон, боғбон), ки натиҷаи кори онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ таъсири назаррас надорад; • нисбат ба субъектҳои хоҷагидорие, ки муваққатан фаъолият наменамоянд (ба истиснои роҳбар ё сармуҳосиб); • нисбат ба кормандони ташкилотҳое, ки дар басти пурра кор намекунанд (аз ҷумла, нафақахўрон ва донишҷўён); • нисбат ба кормандони шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо мавсимӣ мебошад, дар давраи ғайримавсимӣ (ба истиснои корхонаҳои кишоварзӣ).       Дар мавриди корхонаҳои кишоварзии бо андози ягона андозбандишаванда дар ҳолати иҷрои кори кироя аз тарафи аъзои ин гуна хоҷагиҳо. Яъне, вобаста ба шароити табиию иқлимӣ дар тамоми давраи соли тақвимӣ корро ичро карда наметавонанд ва фақат дар давраи муайян корро иҷро менамоянд. Сардорони мақомоти ҳудудии андоз вазифадор  мешаванд, ки кормандони худро бо мактуби мазкур шинос намуда, қабули эъломияҳои андози даромад ва андози иҷтимоиро бо назардошти талаботи мактуби мазкур ба роҳ монанд, мунтазам бо андозсупорандагон барои давра ба давра оиди дуруст нишон додани музди меҳнати коргарони кироя корҳои фахмондадиҳӣ баранд.

Февраль 28, 2011 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст