ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ФАЪОЛ МЕШАВАД

Февраль 16, 2011 14:15

   Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 феврал палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба омода намудани кадрҳо барои ҷузъу томҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро /СҲШ/ ба тасвиб расонид. Саймӯъмин Ятимов- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон ин масъаларо тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба имзо расида, аз муқаддима ва 25 модда иборат мебошад. Созишнома бо мақсади таъмини самараноки омода намудани кадрҳо барои ҷузъу томҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои СҲШ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо террроризм баста шудааст.     Ин санад барномаи таҳлилӣ ва нақшаҳои ташкилии омода намудан, мавзӯъ ва мундариҷаи омӯзиши талабот ва таълимгирандагон, шумораи онҳо ва макони баргузории омӯзиш, мазмуни шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо, вазъи ҳуқуқии таълимгирандагон ва омӯзгорон, тартиби ҷуброни зарарҳоеро, ки ба ҳаёт ва саломатии толибилмон ва омӯзгорон дар давоми таҳсил расонида мешавад, ба танзим медарорад.    Ҳамчунин, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ва тартиби ворид намудани тағйирот ба Созишномаи мазкур муайян шудааст.    Ба андешаи раиси мақомоти амнияти Тоҷикистон, тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки заминаи асосии ҳуқуқӣ барои ҳамкории мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори дигар кишварҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои сохторҳои зиддитеррористии мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шавад.

Февраль 16, 2011 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад