ВИЛОЯТИ СУҒД БО МАВҶҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАД

Февраль 15, 2011 15:52

   Суғд, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Имрӯзҳо ҳудуди ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Суғдро мавҷҳои радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои давлатӣ фаро гирифтаанд. Корҳои васлу насби таҷҳизоти интиқоли мавҷҳои радиотелевизионӣ ва нав кардани дастгоҳҳо дар шароити мураккаби релефи мавзеъҳои аҳолинишини аксар минтақаҳои кӯҳӣ анҷом дода мешаванд.   Насби таҷҳизоти сохти навтарини паҳнкунандаи мавҷҳо дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии Панҷакент, Исфара, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ мегарданд. Дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон баъди васлу насби таҷҳизоти интиқоли мавҷҳои радиотелевизионӣ фоизи фарогирии мавҷҳо афзоиш ёфта, сифати пахши барномаҳо беҳтар гардиданд.  Алҳол дар ҳудуди вилояти Суғд барои пахши шабакаи давлатии телевизиони "Сафина" — 56 адад, "Баҳористон"-17 ва "Ҷаҳоннамо" — 27 адад чунин таҷҳизот фаъолият менамоянд, ки фарогирии барномаҳои телевизиониро 70-75 фоиз таъмин менамоянд.

Февраль 15, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд