ВУРУДИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ДАҲОНПИЗИШКӢ АЗ ҶОПОН

Февраль 7, 2011 09:20

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ҳафтаи сипаришуда ба Маркази илми – клиникии «Даҳонпизишкї» — и  ҷумҳури аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба маблағи 86 ҳазор доллари амрикои таҷҳизоти тиббї ворид   гардид. Таҷҳизоти нав  барои  бартараф кардани иллатҳои модарзодии ҷоғу рӯй истифода мешаванд.  Бино ба гуфти директори маркази мазкур Умар Тоиров ба ихтиёри клиника додани   таҷҳизоти нави рақамии ортопантомографи, ки 27 ҳазор евро қимат дорад, дар ташхиси дурусти нуқсҳои ҷоғу рӯй  арзиши беандоза дорад.  Боис ба ёдоварист, ки аз соли 1996 инҷониб дар доираи кӯмакҳои бебозгашт ҳукумати Ҷопон тавассути  амалисозии 258 лоиҳа барои  рушди соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 18 млн. доллари амрикои кӯмак намудааст.

Февраль 7, 2011 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад