ЁДЕ АЗ АДИБИ ТАВОНОИ ТОҶИК

Февраль 28, 2011 16:15

Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Сангзода  Муслиҳиддин).- Ба ифтихори  100- солагии Нависандаи  халқии  Тоҷикистон Сотим Улуғзода     рисолаи  дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Сироҷиддин  Эмомалӣ  бо номи   «Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ»      рӯи чоп омад, ки дар он ҳунари  нависанда  дар офаридани  қаҳрамонони  таърихӣ ва  чеҳраҳои адабию фарҳангӣ, инчунин,  маҳорати  тарҷумонии  адиб  таҳқиқ шудааст.             Сироҷиддин  Эмомалӣ      ҷанбаҳои  гуногуни  ҳаёту  фаъолияти  Сотим Улуғзода ва осори адабии ӯро  бо мисолҳои мушаххас    нишон додааст.       Зикр кардан ба маврид аст, ки Сотим Улуғзода  муаллифи  романҳои  «Восеъ», «Ривояти суғдӣ»,  «Фирдавсӣ» ва  даҳҳо асарҳои  дигар мебошад.                 Рисолаи мазкур  беҳтарин  армуғонест  ба  ҷашни зодрӯзи   нависандаи нотакрори адабиёти тоҷик Сотим Улуғзода.   

Февраль 28, 2011 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд