ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ

Февраль 2, 2011 14:17

     Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон толори компютерии донишкада ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст  шуд, ки он ба донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дастрасӣ ба дигар адабиёту иттилоот имконияти мусоидро фароҳам овардааст.           Назар ба иттилои ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев, ҳамзамон ду дастури таълимӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардид, ки бобати баланд бардоштани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба донишҷӯён ва беҳтар гардонидани сатҳи забономӯзии онҳо мусоидат менамояд. Мавсуф афзуд, ки  сатҳи омӯзиш ва забондонии донишҷӯёни Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон  дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст, ки ин раванд аз масъулиятшиносӣ ва андешидани тадбирҳои зарурии ҳайати устодони донишкада бобати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки яке аз муҳимтарин талаботи ҷомеаи муосир аст, шаҳодат медиҳад.   

Февраль 2, 2011 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд