ҒОЛИБОНИ САФЕДОРАК

Март 16, 2011 17:27

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 11 то   13 марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ дар мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб доир гардид, ки  дар  он 65 нафар варзишгар, аз ҷумла як нафар духтар   ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ,   Ашрафи Саидакбар  аз дастаи Вармоник ҷойи аввал, Маҳмудҷони Саидакбар  аз дастаи Сафедорак  ҷойи дуюм ва Муҳаммади Хайрулло аз дастаи Вармоник ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Инчунин,  миёни кӯдакон Баракати Шамсулло  аз дастаи Сафедорак, дар байни наврасон Қадриддини Шарофиддин  аз дастаи  Роғ — 2, дар байни ҷавонон Амриддини Шарофиддин  аз дастаи  Роғ — 1, дар байни калонсолон Қудратов Алишер  аз дастаи Роғ — 1 соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Маълумоти мазкур  аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дастрас гардид.

Март 16, 2011 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд