ҲАДЯ БА РӮЗИ ВАҲДАТ

Март 9, 2011 10:27

             Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мисконободи ноҳияи Файзобод мактаби нави замонавӣ ба истифода дода мешавад.           Мактаби мазкур аз ҳисоби маблағгузории Бонкии исломии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 624 ҷойи нишаст сохта шуда, зимни сафари кории худ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аз  ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардида, вобаста ба корҳои рангу боркунӣ ва ороиши синфхонаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.             Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев мактаб бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз бинои таълимӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва ошхона иборат аст. Инчунин, дорои синфхонаҳои таълимии фанҳои кимиё, математика, физика, биология, нақшакашӣ, ҷуғрофия ва таълими меҳнат бо ашёи зарурии лабараторию амалӣ ҷиҳозонида мешавад. Барои сохтмони ин муассисаи таълимӣ беш аз 2 миллион доллари америкоӣ ва барои муҷаҳҳаз гардониданаш  260 ҳазор доллар сарф гардидааст.

Март 9, 2011 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд