ҶАШНВОРАИ «НАВРӮЗ-2011» ДАР ДУШАНБЕ

Март 11, 2011 14:08

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох).-Аз 5 то 9 апрели соли равон ба ифтихори 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии театрҳои касбии «Наврӯз-2011» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ беҳтарин театрҳои касбии минтақа, аз ҷумла театрҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат менамоянд. Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварҳои минтақа буда, чун анъана ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Айни замон корҳои омодагӣ ба ин чорабинии муҳим идома доранд. Иттилои мазкур аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дастрас гардид.

Март 11, 2011 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд