ҶАВОНОН- ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Март 17, 2011 11:50

Файзобод, 17  март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). – Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда  соҳибкорону  сохтмончиёни    ҷамоати  деҳоти  Мискинободи  ноҳияи  Файзобод  бо  дастгирии  ҳукумати  маҳаллӣ ба сохтмони иншооти ҷашнӣ машғуланд. Тавре  раиси  ҷамоати  мазкур  Абдулҳамид  Шоев ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод, имрӯзҳо  дар  ҳудуди  ҷамоат   10  адад  иншооти  ҷашнӣ  сохта  ба  истифода дода  шудааcт.  Соҳибкорон    бо  дастгирии Бонки  рушди  исломӣ ният доранд мактаб  барои  600  хонандаро, ки  дар  деҳоти  Заркамар бунёд шуда истодааст, дар  арафаи  ҷашни  Наврӯз  ба  истифода диҳанд. Сохтмони  мағозаю  ошхона,  дорухонаҳо, мағозаи нуқтаи  фурӯши  ангиштсанг,  купрӯки  калон аз болои  дарёчаи  Элок дар  деҳаи  Мӯъминобод, инчунин,  5  адад  мағозаи  фурӯши  молҳои  ниёзи  мардум  дар  ҳудуди  ҷамоат низ  бо вусъат ҷараён дорад.  Абдулҳамид  Шоев  иброз  намуд, ки  дар  ҷамоат   ба соҳаи  варзиш низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.  Варзишгарони  ҷамоат  дар  мусобиқаи  волейболбозон  дар  ноҳия  иштирок  намуда, сазовори  ҷои  аввал  гардиданд. Дар  оянда  мо  ният  дорем, ки  барои  ҷавонон  варзишгоҳи   замонавӣ  сохта,  онро то  ҷашни  Истиқлолият  ба  истифода диҳем. Зеро  ҷавонон  ояндаи  моянд,-афзуд А.Шоев.

Март 17, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад