АДИБОНИ СУҒД «МАОРИФ — ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН» МЕХОҲАНД

Март 17, 2011 11:34

   Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади дастрас намудани китоби «Маориф — ояндаи Тоҷикистон» дар асоси дархости раиси шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид.     Ба Сарраёсати молияи вилоят супориш шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети вилоятӣ ба ҳисоби шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 26 127 сомонӣ ирсол намояд. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод   мешавад.    Тибқи қарори дигари раиси вилоят бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, ба муносибати 25 — солагии бартарафсозии садамаи ин нерӯгоҳ санаи 26 апрели соли 2011 дар қаламрави вилояти Суғд рӯзи ёдбуд гузаронида мешавад.    Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки барои хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт намудани ҷубронпулии ҳарсолаи маъюбон ва дастгирии моддии  бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва посдории хотираи онҳое, ки бо сабаби заҳролудшавӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои садама ҷони худро нисор кардаанд, тадбирҳои мушаххас андешанд.  

Март 17, 2011 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад