АФЗОИШИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР СУҒД

Март 25, 2011 10:35

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми ду моҳи соли равон дар вилояти Суғд 3 корхонаи нав ба кор оғоз намуда, дар онҳо садҳо ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар арафаи ҷашни Наврўзи имсола боз чор корхонаи дигар ба фаъолият шурўъ мекунад, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин мегарданд. Ин нуқта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд зикр гардид. «Дар баробари ин муваффақиятҳо дар соҳаи саноати вилоят ҳанўз  як қатор камбудиву норасоиҳои ислоҳталаб ҷой доранд. Махсусан, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои «Кабоол Тоҷик Текстайлз», «Пойафзоли Хуҷанд», «қолинҳои Қайроққум», «Нуртекс» ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳамин аст, ки пашм ва пўсти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои чорвопарвар дар мамлакат ҳамасола бинобар сабаби беаҳамиятӣ ва коркард нагардидан нобуд мешавад, ё ба нархи ниҳоят паст ба хориҷа содир мегардад» — изҳори нигаронӣ кард Сарвари давлат. Мавриди зикр аст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «ВТ Силк»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба коркарди пилла махсус гардонида шудааст, аз 8 то 10 фоиз истифода мегардад. Сабаби чунин муносибат, аз як тараф иҷро нашудани нақшаи  пилласупорӣ, аз ҷониби дигар дар шакли ашёи хом, яъне бе коркард ба хориҷ интиқол додани пилла  мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки ҷиҳати коркарди пурраи нахи истеҳсолшаванда ва маҳсулоти чорво дар корхонаҳои истеҳсолӣ чораҷўӣ намоянд.

Март 25, 2011 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад