АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОНИ МИЛЛАТ — ҶАВҲАРИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲӢ

Март 19, 2011 10:33

 Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). —  Чун анъана ҳамасола дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мулоқот намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди илму фарҳанг дар Тоҷикистонро бо олимону донишмандон таҳлил ва баррасӣ менамояд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар ин мулоқот саҳми аҳли зиёи кишварро дар густариши ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳидоятҳои самаранок ва пешниҳодҳои созанда ироа менамояд. Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли ҷорӣ зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат тазаккур дод, ки андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рўҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукўҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба нерўи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд. “Дар ҷаҳон миллати моро ҳамчун мардуми китобдору китобдўст, фарҳангпарвару фарҳангсолор ва соҳибмаърифату мутамаддин эътироф кардаанд. Рисолати таърихии равшанфикрони мо дар гузашта, имрўз ва оянда низ бо таълифу таснифи осори илмиву адабӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ба роҳи рост раҳнамоӣ кардани ҷомеа ва эҳтироми фарҳангу ойини халқу миллатҳои дигари ҷаҳон марбут мебошад. Зеро илму фарҳанг ва маърифат дар баробари ин ки баёнгари рўҳи миллӣ, расму оин, анъана, хотираи таърихӣ ва дар маҷмўъ, таҷассумгари ҳастии ҳар халқу  миллат мебошанд, ҳамчунин, василаи ба ҳам наздик кардани инсонҳо, пайванди риштаҳои дўстиву ҳамкорӣ ва ваҳдати умум эътироф шудаанд”, — идома дод Сарвари давлат. 

Март 19, 2011 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад