АРҶГУЗОРӢ БА ЗАН-МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди модарон-8-уми март ҷамъомади пуршукӯҳ доир гардид. Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни баромади хеш дар мавриди нақши зан-модар дар ҷамъият ва оила сухан гуфта ба ҳозирин сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва хонаободӣ, ҳамчунин, барору комёбиҳоро дар фаъолияти ҳамарӯза ва корҳои минбаъдаашон таманно намуд. Дар хотимаи ҷамъомад вазири молия ба директори маркази ҳифзи чизҳои қиматбаҳои назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ З. Давлатова Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ-ро супорид. Тибқи фармони Президенти кишвар аз 6 марти соли 2009-ум дар Тоҷикистон ҳамасола 8-уми март чун рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар фармон омадааст, ки табдили ном намудани ин ҷашн «бо мақсади арҷ гузоштан ба зан-модар, бахшандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонон ба роҳи рост ва такягоҳи оила» сурат гирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






