АВВАЛИН СЕХИ КОРКАРДИ НУРИҲОИ ОРГАНИКӢ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Дар шаҳри Норак бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал сехи коркарди нуриҳои органикӣ ба истифода дода шуд. Тавре муовини раиси шаҳри Норак Меҳроҷиддин Сангов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тавассути ҳамкорӣ бо давлати Ҷопон онҳо имконият пайдо намуданд, ки дар мавзеи 10 км дуртар аз шаҳри Норак корхонаи хурди коркарди нуриҳои органикиро ба роҳ монанд. Дар шаҳри Норак соли гузашта қариб 500 ҳазор тонна партовҳои барги дарахтон, пасмондаи меваю сабзавот, маҳсулоти полезиро ҷамъоварӣ намуда дар ин сех коркард намуданд. Пас аз коркард аз ин партовҳо нуриҳои органикии дорои сифати баланд, ки муҳити атрофро заҳролуд намесозанд, ҳосил мешаванд. Бояд гуфт, ки ин нуриҳо барои қувватнокӣ ва ҳосилхезии замин манфиат доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






