БАР АСАРИ ТАРКИШ НАВРАС ҶАРОҲАТ БАРДОШТ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тибқи иттилои маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ рӯзи 8 март, тахминан соати 8.30 дақиқаи вақти маҳаллӣ каме дуртар аз тарабхонаи «Лесная сказка» таҷҳизоти худсохти бе сарпӯш таркид, ки иқтидори он аз рӯи эквивалент тахминан 50 грамм тротилро ташкил медод. Дар натиҷаи ин таркиш як наврас ҷароҳати сабук бардошт. Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тибқи моддаи 170 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотии таъсис шуда бо мақсади ошкор намудани ҷинояти мазкур корҳои тафтишотиро анҷом медиҳад.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






