ЧОРВОДОРӢ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Чорводорӣ аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагидорӣ дар ҶТ маҳсуб меёбад, ки тавассути он аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, аз ҷумла гӯшт, шир, тухм ва асал таъмин мегардад. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ дар соли 2010 саршумори чорвои майда 307 ҳазору 797 сарро ташкил дод. Пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2011 саршумори чорвои майда ба 309 ҳазору 871 сар мерасад. То 11 –уми марти соли 2011 дар ҳамаи хоҷагиҳои давлатӣ ва ҷамоавӣ 92 ҳазору 420 сар насл гирифта шуд, ки он баробари 102 фоизи нақша мебошад. То 11-уми марти соли ҷорӣ наслгирӣ дар вилояти Хатлон ба 63 ҳазору 932 сар, вилояти Суғд 12 ҳазору 625 сар, ВМКБ 326 ва дар НТҶ ба 15 ҳазору 537 сар расид. Наслгирӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои чорвопарвари ҷумҳурӣ идома дорад.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






