ДАР ВОСЕЪ БА ДЕҲҚОНОН ШАҲОДАТНОМАИ ЗАМИН МЕДИҲАНД

Март 9, 2011 12:21

Кӯлоб,  9 март. (АМИТ «Ховар»,  С.Холов). –  Бо  ворид  гардидани  ислоҳот  дар  соҳаи   хоҷагии  қишлоқ  ва дар  ин  замина  таҷдиди  хоҷагиҳои  ҷамоавӣ  ба  хоҷагиҳои  хурди  деҳқонию инфиродӣ теъдоди  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ба  маротиб  афзуд. Вале   шаҳрвандон  ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи  замин  бо  мушкилии зиёд  мувоҷеҳ  мегарданд. Бо  мақсади  ҳалли  ин  масъала  ҳукумати  ноҳияи  Восеъ  тадбирҳои  судманд  андешида  ба  ин  кор  ташкилотҳои  байналмилалиро  низ  ҷалб  намуд. Дар  ҷамоати   деҳоти  «Пахтаобод»  бори  нахуст  зиёда  аз   якуним  ҳазор  хоҷагидор  соҳиби  шаҳодатномаи  замин   гардид.  Новобаста  ба  соҳиб   гардидани  деҳқон   ба  замин   надоштани   шаҳодатномаи  расмии  истифодабарӣ  дар  фаъолияти   онҳо  мушкилӣ  ба  бор  оварда,  кишоварзон худро   соҳиби  аслии  замин  намеҳисобиданд ва  ҳатто дар  саҳмҳои  хеш  чун иҷоракор заҳмат  кашида  фақат  аз  чор  як ҳиссаи  фоидаи  ба дастомада насибашон мегардид. Бо  супориши  ҳукумати  маҳаллӣ  Кумитаи заминсозии  ноҳия  дар  ҷамоати  деҳоти   мазкур  дар  баробари ба  деҳқонон   дастрас  гардонидани  шаҳодатномаҳо  ба ҳар  як  шаҳрванд саҳми   замин  ва  мавзеи  ҷойгиршавии  онро  низ муайян  намуд.      Инчунин, ҳукумати  маҳаллӣ  барои  дастгирии  моддии  деҳқонон ташкилоти байналхалқиро  ҷалб  намуд, ки  пардохти маблағи ҳуҷатгузориҳоро  зимни  гирифтани  шаҳодатномаҳои  замин   ин ташкилот пурра ба  ӯҳда   гирифтааст.  Ба  гуфти  масъулин  татбиқи  ин таҷриба   дар   дигар  ноҳияҳои  минтақаи Кӯлоб  низ идома   меёбад.

Март 9, 2011 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад