ДАРЁФТИ 29 КИЛОГРАММ НАШЪА ДАР ИСФИСОР
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 10 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани як амалиёт дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров автомашинаи «Mercedes-Benz», рақами давлатиаш КВ 9909 02 РТ, ки ба шаҳрванд Фирдавс Ғайратов тааллуқ дорад, боздошт гардид. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми кофтуков аз бағоҷи автомашинаи мазкур 29 килограмму 98 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид. Ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки Фирдавс Ғайратов бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Сабзалӣ Бобоков, истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов маводи мазкурро барои фурўхтан дастрас намудаанд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






