ДАРЁФТИ 29 КИЛОГРАММ НАШЪА ДАР ИСФИСОР

Март 11, 2011 13:22

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 10 марти соли ҷорӣ аз ҷониби  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани як амалиёт дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров автомашинаи «Mercedes-Benz», рақами давлатиаш КВ 9909 02 РТ, ки ба шаҳрванд Фирдавс Ғайратов тааллуқ дорад, боздошт гардид. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми кофтуков аз бағоҷи  автомашинаи мазкур  29 килограмму 98 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид. Ҳангоми санҷиш муайян   шуд, ки Фирдавс  Ғайратов бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Сабзалӣ Бобоков, истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов маводи мазкурро барои фурўхтан дастрас намудаанд.   

Март 11, 2011 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид