ДАСТГИРИИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ МИЛИТСИЯ АЗ ҶОНИБИ САҲА

Март 9, 2011 12:13

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Семинар оид ба нақшагирии стратегӣ, ки бо дастгирии САҲА барои 15 нафар афсари баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дастгирии барномаи ислоҳот дар соҳаи милитсия ва мутобиқ гардонидани он ба принсипҳои демократӣ гузаронида шуд, ба итмом расид. Ин семинарро дафтари САҲА дар Тоҷикистон тайи як ҳафта оид ба нақшагирии стратегии ислоҳот дар соҳаи милитсия барои афсарон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо дархости Вазорати корҳои дохилӣ гузаронид. Семинари мазкур, ки ҷузъи фаъолияти Дафтар дар мусоидат  бо ташаббуси ислоҳоти Вазорат мебошад, масъалаҳои идоракунии тағйирот, гендерӣ ва ҳуқуқи инсонро дар маркази диққат қарор дод. «Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инкишоф додани маҳорату малака дар ҳалли мушкилиҳое, ки аз тарафи гурўҳҳои ҷиноии муташаккил ва террористон эҷод мешаванд ва амниятро халалдор менамоянд, хеле муҳим мебошад» — иброз дошт Сафир Ивар Викки, роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон. Вай идома дод, ки мо бояд якҷоя дар густариш додани ваколати милитсия ва инкишоф додани маҳорату малакаи кормандон ва сохторҳои милитсия  кор барем, то ки хадамоти милитсия ба вазъияти ҷиноӣ беҳтар вокуниш нишон дода тавонад. Тақвият бахшидан ба иртиботи байни шаҳрвандон ва милитсия низ шарти зарурӣ барои муваффақона гузаронидани ислоҳот дар соҳаи милитсия мебошад. Аз дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки семинарро ду мутахассиси варзида оид ба ислоҳот дар соҳаи политсия гузарониданд, ки дар он иштирокчиён зарурати тағйиротро дар ваколат ва сохтори  кунунии милитсия мушаххас намуданд ва чӣ тавр таҳия намудани нақшаи стратегӣ дар соҳаи милитсияро муҳокима намуданд. Мутахассисон аз Сафорати ИМА барномаи якрӯзаи  махсусро оид ба пайванд намудани  мафҳуми ҳифзи бехатарии ҷамъиятӣ бо нақшагирии стратегӣ пешниход намуданд. Иштирокчиёни семинар аҳамияти ҳамкориҳоро байни милитсияю ҷамъият ва якҷоя ҳал намудани мушкилиҳоро дар самти ташкил намудани ҷамоатҳои бехатар таъкид намуданд.

Март 9, 2011 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд