ДАСТИ ДУОИ МОДАР

Март 3, 2011 17:12

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Санаи 4 марти соли равон дар толори Маркази фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат дар самти эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ дар доираи  Барномаи давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» маҳфил -озмуни фарҳангии «Дасти дуои модар» бо ҷалби васеи донишҷӯдухтарони мактабҳои олии пойтахт баргузор мегардад.  Иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибони маҳфил-озмуни мазкур аз тарафи ташкилкунандагони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои рамзӣ  қадрдонӣ мешаванд. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.

Март 3, 2011 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд