ЭҲЁИ ДРУЖИНАИ ХАЛҚӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва ҷиноят дружинаи ихтиёрии халқӣ таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин бобат раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов қарори махсус ба тасвиб расонид ва Низомномаи дружинаи ихтиёрии халқиро тасдиқ намуд. Роҳбарии ситоди дружинаи халқиро собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, капитани мустаъфии милиса Набиҷон Гулматов ба ӯҳда дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ситоди дружинаи халқӣ дар маркази шаҳр утоқҳои махсуси корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ҷудо намуд. Алҳол дружинаи халқӣ аз ҷумлаи кормандони 14 корхонаю муассиса, 4 мактаби олӣ ва коллеҷи омӯзгорӣ мураттаб шудааст, ки теъдоди умумии ихтиёриён 1273 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо ҳамҷоя бо нозирони минтақавии милиса бегоҳирӯзиҳо дар 10 мавзеи шаҳр навбатдорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро назорат менамоянд. Вақтҳои наздик шумораи аъзои дружинаи халқӣ аз ҳисоби ихтиёриёни дигар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, донишҷӯёну омӯзгорони макотиби олию миёнаи махсус, сокинони маҳаллаву қасабаҳо ба маротиб зиёд хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






