ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “АДАБИЁТ ДАР ҲАҚИҚАТ ОИНАИ ЗИНДАГӢ АСТ”
Душанбе, 19 март. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайрулло). — “Адабиёти бузургу пурғановати тоҷик барои халқи мо асрҳо боз рисолати тавонои иҷтимоӣ, маърифатӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дошт ва ин рисолатро дар оянда низ бояд идома бахшид”, — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, ки 19 марти соли ҷорӣ дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Ӯ афзуд, ки адабиёт дар зеҳну тафаккури афроди ҷомеа беҳтарин арзишҳои инсониро парвариш медиҳад ва дар саҳифаҳои заррини адабиёти классикии тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, ғояҳои олии башарият тарғибу ташвиқ гардидаанд. “Бо дарназардошти ин нукта мо ба мероси хаттӣ ва осори гузаштаи халқамон аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва барои дастраси хонандагон гардонидани он пайваста кўшиш менамоем. Мисоли равшани ин тазкираи панҷоҳҷилдаи адабиёти гузашта ва имрўзаи тоҷик мебошад, ки нашри он ҳоло бомуваффақият идома доранд”, — изҳор дошт Сарвари давлат. Мавриди зикр аст, ки адабиёт дар ҳақиқат оинаи зиндагӣ аст ва шоирону нависандагони кишвар бояд ба муҳимтарин воқеаҳо ва рўйдодҳои тақдирсози ҳаёти кишвар, бунёдкориву сохтмонҳои азими аср ва таҳаввулоту дигаргуниҳои зиндагии ҷомеаи мо ҳамовоз гашта, онҳоро дар асарҳои худ ҳақиқатнигорона тасвир намоянд. “Мо аҳамияти илму фарҳанг ва мактабу маорифро аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ амиқан дарк кардем ва онро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додем. Имрўз ҷомеаи мо ба шумо, зиёиёни мўҳтарам, ки нерўи ақлонии кишвари азизамон ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо мебошед, аз ҳарвақта бештар ниёз дорад”, — идома дод Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар ба аҳли зиёи мамлакат муроҷиат карда гуфт, ки: “Шумо метавонед бо осори илмиву адабӣ ва офаридаҳои фарҳангии худ, пеш аз ҳама дар талқини моҳият ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёриву озодӣ дар зеҳну шуури мардум, аз ҷумла ҷавонон, инчунин, ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати худодод, ҳифзи дастовардҳои он ва таҳкиму тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ нақши бузургро адо намоед.Бовар дорам, ки тафаккури илмӣ ва фарҳангии шумо ҷомеаро ҳарчи бештар ба сўи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят менамояд ва шумо манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли худро аз ҳамаи манфиатҳои дигар ҳамеша волотар медонед”.








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






