«ЭРОН-ЭЙР» 75 ТОННА БОР ОВАРД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 75 тонна таҷҳизоти гуногун барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» нимаи дуюми 9 март тавассути тайёраи боркаши марбут ба ширкати ҳавонавардии «Эрон-Эйр» ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оварда шуд. Саид Аскарӣ, масъули намояндаи ширкати эронии «Сангоб» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод: борҳое, ки таваcсути роҳи ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, аз таҷҳизоти трубина, тоблуҳои электронӣ ва қисмҳои назоратии НБО «Сангтӯда-2» иборат аст. Аскарӣ афзуд, ки бо сабаби баъзе мушкилоти объективӣ дар роҳҳои транзитӣ ва маҳдуд будани вақт ҷиҳати анҷоми сохтмони ин иншооти дорои аҳамияти стратегидошта, ҷониби Эрон тасмим гирифтааст таҷҳизоти марбут ба НБО «Сангтӯда-2»-ро тавассути ҳавопаймоҳои бузурги боркаш ба Тоҷикистон биёрад. Ин маротибаи саввум аст, ки тайёраи боркаши эронӣ ба Душанбе таҷҳизоти НБО «Сангтӯда-2» меорад. Мудири намояндагии ширкати «Сангоб» иттилоъ дод, ки алҳол 85 % корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2», ки дар масофаи 120 километрии қисмати ҷанубу шарқии Душанбе дар дарёи Вахш бунёд мегардад, аз ҷониби ширкати «Сангоб»-и Эрон ба анҷом расидаанд.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






