ГАРМХОНАҲОИ УСУЛИ ЧИНӢ ДАР МАСТЧОҲ

Март 25, 2011 12:24

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 24 март зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз хоҷагии кооперативӣ-истеҳсолии Ҳоҷӣ Алӣ Маҳмад дар ҷамоати деҳоти Авзикенти ноҳияи Мастчоҳ дидан кард. Ин хоҷагӣ дорои 31 гектар замин буда, дар майдони 2  гектар   гармхона бунёд намудааст, ки дар он помидор ва бодиринги барвақтӣ парвариш мекунанд. Дар ин гармхонаҳо 25 нафар ба ҷои кор таъмин гардида, ҳар кадом ба маблағи 300 то 450 сомонӣ маош  мегиранд. Заминҳои гармхона танҳо дар давраи моҳҳои июн — август дам дода шуда, бодиринг ва помидори барвақтии он ба бозор бароварда мешаванд. Тазаккур додан ба маврид аст, ки айни замон бозорҳои худуди ноҳияро бо помидори хушсифат таъмин намуда истодаанд. Гармхонаҳо бо дастрасии маблағҳои қарзӣ аз «Амонатбонк»-и ноҳия ба роҳ монда шуда, алакай аз рӯи даромади софи истеҳсолӣ қарзҳо рӯйпӯш шудаанд. Тарзу усули гармхонаи мазкур аз усули чинӣ омӯхта шуда, аз дигар намуди гармхонаҳо фарқ мекунанд ва гармию равшании иловагӣ дода намешавад. Аҳли хоҷагӣ дар ин мавсим  аз ҳар гармхона 7 тоннагӣ маҳсулот ҷамоварӣ намуда, дар ҳар гармхона дар як мавсим 8 ҳазору 700 сомонӣ сарф мекунанд ва  48 ҳазор сомонӣ даромад ба даст меоранд. Кормандон ҳавасманд буда, ният доранд бо зиёд шудани истеҳсоли зироат шумораи гармхона ва коргаронро зиёд намоянд. Гармхонаҳо ба воситаи обёрии қатрагӣ таъмин мешаванд.Аҳли хоҷагӣ, ҳамчунин, дар майдони 2 гектар тарбуз, дар 2 гектар юнучқа, дар 20 гектар пахта парвариш менамоянд, ки мавсими кишти имсолаи пахтаро дар хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 24 март зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ифтитоҳ бахшид.

Март 25, 2011 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд